Ссылки доступа

Парвози дувуми Душанбе-Тошканд низ анҷом нашуд


Парвози дувуми ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Тошканд низ, ки қарор буд, рӯзи 23 феврал сурат бигирад, бо сабабҳои номаълум анҷом нашуд. Нахустин парвоз дар ин масир ба далели сари вақт нафиристодани асноди зарурӣ ба ҷониби Ӯзбекистон лағв шуда буд.

23 феврал соати 13:00 ба вақти маҳаллӣ бояд ҳавопаймои "Сомон Эйр" аз Душанбе ба Тошканд парвоз мекард. Бино ба хабарҳо, тамоми билетҳо дар ин масир харидорӣ шуда буданд. Вале ҳавопаймо бо сабабҳои то ҳол номаълум ба пойтахти Ӯзбекистон парвоз накард.

Дар ин бора сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова иттилоъ дод.

Ин дувумин парвози ҳавопаймои "Сомон Эйр" дар масири Душанбе-Тошканд аст, ки анҷом намешавад. Парвози нахустин, ки 20 феврал бояд сурат мегирифт, лағв шуд ва ширкат гуфт, ҷониби Ӯзбекистон ба парвози ҳавопаймои онҳо ба Тошканд иҷозат надод.

Вале каме баъдар раҳбарияти "Сомон Эйр" шарҳ дод, ки парвоз ба далели сари вақт нафиристодани асноди зарурӣ ба ҷониби Ӯзбекистон лағв шудааст ва бинобар ин тамоми шахсони масъул ба ин қазия бо раҳбарии мудири тиҷории ширкат Алишер Рустамов аз мақомҳояшон барканор шуданд.

XS
SM
MD
LG