Ссылки доступа

Трамп мехоҳад нерӯи ҳастаии ИМА-ро густариш диҳад


Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки мехоҳад, таслиҳоти ҳастаии кишварашро ба дараҷае афзоиш диҳад, ки ИМА ба «беҳтарин дар ҷаҳон» табдил ёбад. Дар мусоҳиба бо хабаргузории Reuters рӯзи 23 феврал Трамп гуфт, зарфияти ҳастаии Иёлоти Муттаҳида коҳиш ёфтааст.

Шартномаи нави ИМА ва Русия дар бораи коҳиши таслиҳоти стратегии ҳамлаварона, ки СНВ-3 ном гирифта, барои 10 сол пешбинӣ шудааст, то феврали соли оянда коҳиши захираҳои чунин аслиҳаро талаб мекунад.

Трамп ин қарордодро муомилаи якҷониба номид. «Аслан як муомилаи навбатии бад, ки кишвари мо онро пазируфт, чи СНВ бошад, чи созишномаи (ҳастаӣ) бо Эрон… Мо акнун муомилаҳои хуб анҷом хоҳем дод,» -- гуфт Трамп.

Президенти Амрико пештар чандин бор созишномаи соли 2015-и қудратҳои ҷаҳониро бо Эрон, ки дар ивази маҳдудиятҳои барномаи ҳастаии ин кишвар таҳримҳои зидди онро бекор мекунад, маҳкум карда буд. Вай дар мусоҳибаи 23 феврал ҳамчунин ҷойгир кардани мушакҳои болдори Русияро дар қаламрави худ нақзи шартномаи соли 1987 дар бораи маҳви мушакҳои миёна ва дурпарвоз номид.

«Барои ман ин шартномаи муҳим аст,» -- гуфт Трамп ва изофа кард, ки агар бо Путин мулоқот кунад, ҳатман ин масъаларо ба миён хоҳад гузошт.

XS
SM
MD
LG