Ссылки доступа

Дар таркиши корхонаи кимиёии Фарғона 6 кас ба ҳалокат расидааст


Намояндаи ҳукумати вилояти Фарғона мегӯяд, дар натиҷаи таркиш дар сехи аммиаки корхонаи "Фарғонаазот" рӯзи 23 феврал "6 нафар фавтида, вазъи яке аз маҷрӯҳон хеле бад аст". Ба гуфтаи ин манбаъ, инфиҷор ба иллати беэҳтиётии кормандон ба вуқӯъ пайвастааст.

"Коргарон сехи аммиакро тармим ва кафшер мекарданд. Бар асари таровиши гази аммиак ва ба он расидани шӯълаи кафшер сӯхтор сар зада, оқибат бо таркиш анҷомидааст. Панҷ коргар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Нафари шашум дар бемористон фавтид ва вазъи як маҷрӯҳи дигар хеле бад аст," -- гуфт корманди ҳокимияти вилоят, ки нахост, аз ӯ ном бурда шавад.

Аммо як сокини шаҳри Марғелони вилояти Фарғона мегӯяд, имоми масҷид дар намози ҷумъа аз ҳалокати 8 нафар хабар дод ва барои онҳо оят хонд.

Пештар Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбекистон иттилоъ дод, ки барои пажӯҳиши таркиш дар корхонаи кимиёии "Фарғонаазот" ҳайати давлатӣ таъсис ёфтааст ва он ҳамчунин ба хонаводаи қурбониён мадад хоҳад расонд. "Фарғонаазот" яке аз калонтарин корхонаҳои Ӯзбекистон аст, ки нуриҳои азотӣ, аз ҷумла карбамид ва селитр тавлид мекунад.

XS
SM
MD
LG