Ссылки доступа

Туркманистониҳо баъди сафар ба "кишварҳои хатарнок" бозпурсӣ мешаванд


Мақомоти Туркманистон шаҳрвандонеро, ки ба Туркия ва Украина рафтаанд, бозпурсӣ мекунанд ва баъдан онҳоро маҷбур мекунанд, то баёнот диҳанд, ки дигар ба "кишварҳои хатарнок" сафар накунанд. Дар ин бора бахши туркмании "Радиои Озодӣ" иттилоъ медиҳад.

Вазорати амнияти миллии Туркманистон "дар мусоҳиба" ҳадафи сафари шаҳрвандонро ба Туркияву Украина мепурсад.

Вазорати амнияти миллии Тукрманистон аз кишварҳое мисоли Сурия, Афғонистон, Ироқ, Миср, Украина ва Туркия "кишварҳои хатарнок" ном мебарад. Ин вазорат аз шаҳрвандон хостааст, ки ба кишварҳои мазкур сафар накунанд.

Ба гуфтаи сокинони Ишқобод, ахиран мақомот волидони донишҷӯҳое, ки дар хориҷи ин кишвар таҳсил доранд, даъват мекунанд ва дар бораи фарзандонашон маълумот мегиранд.

XS
SM
MD
LG