Ссылки доступа

Президенти Ӯзбекистон бо сафари давлатӣ вориди Қазоқистон шуд


Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бо даъвати Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон 22 март вориди Остона шуд.

Чорабинҳои асосии сафари Мирзиёев имрӯз 23 март барпо мешаванд. Президенти Ӯзбекистон бо ҳамтои қазоқаш вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои ду кишварро баррасӣ мекунад.

Дар ҷараёни сафари Мирзиёев дар Остона Намоиши саноати миллии Ӯзбекистон ва анҷумани тиҷоратӣ бо иштироки намояндагони доираҳои соҳибкории ду кишвар баргузор мешавад.

Дар поёни ин сафар имзои чанд санади ҳамкорӣ миёни давлатҳо, ҳукуматҳо ва идораҳо дар назар аст. Инчунин чанд шартномаи бузурги тиҷоратӣ низ ба имзо хоҳад расид.

XS
SM
MD
LG