Ссылки доступа

"Афв"-и муҳоҷирони тоҷик дар Русия шуруъ шуд


Мақомоти Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави ин кишвар кор мекунанд, иҷоза додааст, дар муддати як моҳ санадҳояшонро қонунӣ кунанд. Вале афв онҳоеро, ки бо ҳукми додгоҳҳои Русия аз ин кишвар ихроҷ ва ё депортатсия шудаанд, фаро намегирад.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Русия гуфт, аз 25-уми март то 24 апрели соли 2017 дар тамоми қаламрави Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон як моҳ мӯҳлат дода мешавад, барои иқомату кори қонунӣ санадҳояшонро дуруст кунанд.

Ба гуфтаи вай, дар ин муддат агар муҳоҷир ғайриқонунӣ дар Русия ҳам бошад, барои риоят накардани қоидаҳои иқомат ва кор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад.

"Ҳамчунин шахсоне, ки дар ҳудуди Русия мӯҳлати истиқоматашон гузашта бошад ҳам, метавонанд, дар муддати як моҳ ба шӯъбаҳои мақомоти муҳоҷиратӣ рафта, муроҷиат кунанд ва ба онҳо барои қонунӣ гардонидани будубош корти муҳоҷиратии нав бо нишон додани мақсади вуруд дода мешавад", - мегӯяд Иброҳим Аҳмадов.

XS
SM
MD
LG