Ссылки доступа

Аз хидмат дар артиши Тоҷикистон мешавад "қонунан" гурехт


Вазорати дифои Тоҷикистон лоиҳаи қонун "Дар бораи хидмати алтернативӣ"-ро таҳия ва ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст. Вале вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо 26 апрел ҳини баррасии қонун "Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" дар порлумон гуфт, барои иҷрои ин қонун пули зиёд лозим аст.

Дар ҷаласаи порлумон вакил Абдуҳалим Ғаффоров пешниҳод кард, то ҷавононе, ки намехоҳанд дар артиш хидмат кунанд, ба вазорати дифои кишвар маблағи муайян пардохт намоянд. Ӯ ҳамчунин хост, ки мӯҳлати адои хидмат дар артиш аз 2 соли феълӣ ба 1 коҳиш дода шавад.

Хидмати алтернативӣ ин аст, ки ба ҷои 2 соли ҳузур дар сафи қувваҳои мусаллаҳ, ҷавонони синни даъват дар сохторҳои иҷтимоии кишвар, мисли хонаи пиронсолон, кӯдакистон ё бемористонҳо ба кор ҷалб шуда, як қисми муайяни дастмуздашонро барои таъмини молии аскарон ба вазорати дифоъ месупоранд.

Дар Тоҷикистон даъват ба хидмат дар артиш соле ду бор - баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд.

XS
SM
MD
LG