Ширкат гуфтааст, ба хотири пӯшонидани харҷи масрафи неруи барқ, сӯзишворӣ, ҳамлу нақл, инчунин хариди қатораҳои нави тезгард қимати билетҳои қатораҳои "Афросиёб"-ро аз 20 то 40 дарсад боло мебарад.
Дар моҳи январи соли ҷорӣ ширкати "Роҳҳои оҳани Узбекистон" қимати билетҳо дар қатораҳои "Афросиёб", "Шарқ", "Насаф" ва "Узбекистон"-ро 20 дарсад гарон карда буд.
Ин ҳам дар ҳоле, ки ширкати мазкур дар моҳи ноябри соли 2023 билети қатораҳоро аз 44 то 60 дарсад боло бурда буд.