Мақомоти муҳоҷирати Қирғизистон ба ин шаҳрвандон қонунгузорӣ ва тартиби будубош дар Бритониёро омӯзонидаанд.
Ба иттилои вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон, ин шаҳрвандон бо ширкати Hops Labor Ltd шартномаи корӣ бастаанд. Ширкати мазкур барои кори мавсимӣ дар Бритониё аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон бештар аз 26 ҳазор дархост дарёфт кардааст.