Ссылки доступа

Таҳқиқ: Миллионҳо доллар фоидаи як ширкати вобаста ба оилаи президенти Узбекистон


Дилер Каюмов, оформивший свои акции в ООО «Ultimo Group Limited» на имя своей матери, в настоящее время является директором торгового центра «Ташкент Сити Молл», который связан с зятем Мирзияева Отабеком Умаровым
Дилер Каюмов, оформивший свои акции в ООО «Ultimo Group Limited» на имя своей матери, в настоящее время является директором торгового центра «Ташкент Сити Молл», который связан с зятем Мирзияева Отабеком Умаровым

Таҳқиқи бахши узбекии Радиои Озодӣ даҳҳо миллион зиёни расондаи як ширкати вобаста ба оилаи президенти Узбекистонро ба буҷаи давлат ошкор кард.

Сухан дар бораи Ultimo Group Limited меравад. Ин ширкат аз ҳисоби интиқоли гази табиӣ барои хешовандони Шавкат Мирзиёев ва бозигарони дигар фоида овардааст.

Соли 2023, дар пайи моҷарои камбуди газ барои аҳолии Узбекистон, Мирзиёев ба мақомоти кишвараш дастур дод, ки фасодро дар соҳаи маводи сӯхт ва энержӣ аз байн бибаранд. Ӯ чанд дафъаи дигар таъмини шаффофиятро дар ин бахшҳо тақозо кард.

Узбекистон бо 36 миллион аҳолиаш як кишвари ғанӣ аз газ ба шумор меравад. Аз ин пеш, соли 2019, Шавкат Мирзиёев бо ишора ба даврони ҳукмронии Ислом Каримов гуфта буд, ки "касе ҳақ надорад имрӯз ба мисли гузашта кор кунад... Пинҳонкорӣ, ношаффофӣ, коррупсия, хешутаборбозӣ ба кор кумак намекунанд."

Вале таҳқиқи хабарнигорони "Озодлик", бахши узбекии Радиои Озодӣ, маълум кард, ки шарикони як домоди Шавкат Мирзиёев бо ширкати Ultimo Group Limited пайванд доранд. Маҳз ҳамин ширкат чанд сол пеш барандаи қарордоди таъмини газ бо нархи гаронтарин ба ширкати калонтарини истеҳсоли семент дар Узбекистон будааст. Дар ҳоле ки дар гузашта бо чунин кор машғул нашуда, таҷриба надорад.

(Шакли пурраи таҳқиқ ин ҷост)

XS
SM
MD
LG