Ссылки доступа

Шаҳрвандони ОМ-ро тавассути фурудгоҳи Шереметево ба Русия роҳ намедиҳанд


Санҷиши шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) ҳангоми ворид шудан ба Русия чанд рӯз мешавад сахттар шудааст.

Бештари онҳоро иҷозат намедиҳанд, ки аз фурудгоҳ берун раванд ва бархеи дигарро ба муҳлати номуайян аз Русия ба ватан ихроҷ мекунанд.

Граждан стран Центральной Азии прилетевших в Москву сутками не выпускают из аэропорта
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:55 0:00

Ба иттилои "Мигрант медиа", дар миёни дармондагон дар фурудгоҳҳои Русия донишҷӯён ва онҳое низ ҳастанд, ки ҳаққи иқомат дар Русияро доранд. Дар аксҳое, ки аз фурудгоҳи Шереметево гирифта шудаанд, дида мешавад, даҳҳо кас рӯи фарш хобанд.

Бештари онҳо мегӯянд, 4-5 рӯз пеш ба Маскав рафтаанд, вале наметавонанд аз фурудгоҳ берун шаванд. Пулҳояшон ҳам тамом шудааст.

"Ғизо ва об инҷо хеле гарон аст. Ба инҷо парвоз накунед. Мо 4-5 рӯз пеш ба Маскав парвоз карда будем. Мегӯянд, баъди ду ҳафта аз куҷое омада будед, ба ҳамон ҷо бармегардонем", - гуфт яке аз муаллифони наворҳои нашршуда.

Консули Қирғизистон дар Русия Манас Ҷолдошбеков ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ахиран 51 касро ба ватан бозпас фиристоданд ва нақша доранд, ки 21 каси дигарро фиристанд. Ӯ бори дигар аз қирғизистониҳо даъват кардааст, ки муваққатан ба Русия нараванд.

Сахттар шудани санҷишҳо дар фурудгоҳҳои Русияро ба ҳамлаи "Крокус" рабт медиҳанд. Ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” шаби 22-юми март рӯй дод.

Гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба уҳда гирифт, вале президенти Русия Владимир Путин онро ба Украина пайванд дод.

Кумитаи тафтишотии Русия дар бораи боздошти 11 кас гузориш додааст.

Додгоҳи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзҳои 24, 25 ва 26-уми март ҳашт нафарро то охири моҳи майи имсол ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ҳафт нафари онҳо зодаи Тоҷикистон буда, як нафар аз Қирғизистон аст.

XS
SM
MD
LG