Ссылки доступа

Аз Керрӣ мехоҳанд, ки фишор ба расонаҳои Осиёи Марказиро маҳкум кунад


Кумитаи ҳимояи хабарнигорон аз вазири корҳои хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ хост, ки ҳангоми сафар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи фишорҳо ба расонаҳои ахбори омро матраҳ кунад.

Дар номае ба унвони раҳбари Департаменти давлатӣ, ки дар ҳафтаи ҷорӣ бояд аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дидан кунад, фаъолон хостанд, ки ӯ "ошкоро аз мақомоти ин кишварҳо озодии хабарнигоронеро тақозо кунад", ки барои фаъолияти касбии худ дар маҳбус шудаанд.

Дар номаи Кумитаи ҳимояи журналистон аз 28 октябр гуфта шудааст, ки дар Осиёи Марказӣ вазъи озодии баён "ҳамчунон бадтар мешавад". Ҳомиёни ҳуқуқи башар бо ишора ба "манъи пахши расонаҳо, қонунҳои сангин, назорати интернетӣ" ёдовар шуданд, ки хабарнигорони интиқодӣ ва блогнависон зери таъқиби сиёсӣ қарор дошта, мавриди ҳамла, ҳабс ва қатл қарор мегиранд.

XS
SM
MD
LG