Ссылки доступа

Барои амнияти сокинони Алмато ҳаракати трамвай қатъ шуд


Ширкати трамвайи “Алматоэлектротранс” сар аз 31 октябр фаъолияти худро қатъ мекунад, хабар медиҳад маркази матуботи ширкат.

Бино бар ин хабар, қарори қатъи ҳаракати трамвайҳо баъди тафтиши ҳолати бехатарии роҳҳои оҳан гирифта шудааст. Маркази матбуоти ширкати “Алматоэлектротранс” мегӯяд, комисияи махсуси созмони “Метрополитен”-и Қазоқистон ҳолати роҳҳои трамвайгардро садамавӣ арзёбӣ кардааст. Дар ҳамин ҳол, хабар дода нашудааст, ки ширкат барои чанд муддат кор нахоҳад кард.

Бино бар иттилои ширкат, дар соли 2014 дар Алмато 20 ҳолати аз роҳ баромадани трамвайҳо ба қайд гирифта шудааст, дар соли 2015 бошад – 43 ҳолат.

Дар Алмато тирамоҳи имсол ду садамаи калони трамвайҳо рух дод, ки даҳҳо маҷрӯҳ ба ҷой гузошт ва чандин мошинро хароб кард. Дар ин шаҳр ҳамагӣ ду хатсайри трамвай вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG