Аз ҷумла ин кӯмак дар қаламрави Тоҷикистон, ки дар он ҷо гурӯҳи мушовирони Идораи марзбонии ИФҶ (ФСБ)-и Русия фаъолият дорад, роҳандозӣ мешавад. Маъмурони амниятӣ «дар омода сохтани кадрҳо, бозомӯзии онҳо ва машваратҳо кӯмак мекунанд», шарҳ дод Манилов.
Дар ҳамин ҳол мавзӯи бозгашти марзбонони рус барои ҳифозати марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон матраҳ нест. Ба ҷуз аз ин ба Қирғизистон низ барои тақвияти ҳифозати марзҳояш кӯмакҳо ироа мешаванд.
Феълан дар марзҳои кишварҳои узви ИДМ ва Афғонистон 4,5 ҳазор ҷангиён таҷаммӯъ кардаанд ва дар минтақа «ба марзҳои Иттиҳод, аз ҷумла Тоҷикистону Туркманистон наздик шудани гурӯҳҳои ҷангиён сурат гирифтааст», таъкид кард намояндаи нерӯҳои марзбонӣ.
«Барномаи махсусе барои тақвияти нерӯҳои ин кишварҳо таҳия шудаанд», - хулоса кард Манилов.