Ссылки доступа

Гурӯҳи «Давлати исломӣ» бо амалҳои террористӣ ба Вашингтон таҳдид мекунад


Гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» рӯзи душанбе навори видеоиеро нашр кард, ки дар он ҷангиён таҳдид мекунанд, ки дар Вашингтон низ амалҳои террористие ба гунаи пойтахти Фаронса дар ҳафтаи гузаштаро анҷом медиҳанд.

Яке аз ифротгароён дар ҷараёни сабти 12 дақиқагӣ мегӯяд, ки мусалмононро «зарур аст ба Ғарб зарбаҳо зананд», зеро иттиҳод ба раҳбарии ИМА ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар Ироқ ҳамлаҳо анҷом медиҳад.

Аъзои гурӯҳи тундгарои «Давлати исломӣ» масъулияти амалҳои террористии 13 ноябр дар Парижро ба ӯҳда гирифт, ки дар пайи онҳо 129 нафар кушта шуданд.

Пештар ин созмон изҳор дошта буд, ки суқути ҳавопаймои мусофирбари русӣ дар фарози Миср, ки 31 октябр рух доду сабаби кушта шудани ҳамаи 224 нафар сарнишишинонаш шуд, низ дасти кори онҳост.

Дар ҳафтаи гузашта хабаргузории Reuters дар бораи таҳдиди гурӯҳи «Давлати исломӣ» хабар дода буд, ки ваъда додааст дар зудтарин фурсат бар зидди Русия, ки дар Сурия амалиёти низомӣ анҷом медиҳад, амалҳои террористие иҷро хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG