Ссылки доступа

"ДИ" аз қатли ду гаравгон - шаҳрвандони Норвегия ва Чин хабар дод


Гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ду гаравгонро қатл кард, ки яке шаҳрванди Норвегия ва дигарӣ шаҳрванди Чин буд.

Маҷаллаи Dabiq, ки аз сӯйи ҷангиён чоп мешавад, 18 ноябр акси ду гаравгони кушташударо нашр кард. Дар ин акс Оле Йохан Гримсгорд-Офстад ва Фан Тзинхуэй шиносоӣ шудаанд. Ҷузъиёти дар куҷо ва чӣ гуна ин ду мард кушта шудаанд, хабар дода намешавад.

Нахуствазири Норвегия Эрна Солберг изҳор дошт, ки дар вуқӯи ин ҳодиса эҳтимолияти нобоварӣ вуҷуд надорад ва ин амрро "амали даҳшатангезу нафратовар" унвон кард. ВКД Чин изҳор дорад, ки "созмони террористӣ ба инсонгарӣ ҳеҷ рабте надорад ва дар сатҳи пасттарини маънавият қарор дорад".

Қаблан дар шумораи моҳи сентябрии маҷаллаи Dabiq, ки аз сӯйи ҷангиён чоп мешавад ба унвони таблиғот эълоне нашр шуда буд, ки дар он ду мард - як фарди норвегӣ ва чинӣ "ба фурӯш" гузошта шудаанд.

XS
SM
MD
LG