Ссылки доступа

Раҳбари толибҳо дар Покистон “сахт захмӣ” шудааст


Ба иттилои мақомоти Афғонистон, раҳбари толибон Мулло Ахтар Мансур дар пайи як баҳси лафзӣ миёни раҳбарони ҷангҷӯён дар Покистон, ки ба тиркушоӣ анҷомидааст, ҷароҳати вазнин бардоштааст.

Тавре сухангӯи муовини аввали президенти Афғонистон Султон Файзӣ хабар медиҳад, Мулло Мансур дар беморхона бистарӣ шудааст. Намояндаи толибон Забеҳулло Муҷоҳид дар навбати худ вуқуи ин ҳодисаро рад кард.

Мулло Мансур аз моҳи июл ба ин сӯ раҳбарии гуруҳи «Толибон»-ро бар дӯш дошт. Тобистони имсол мақомоти Афғонистон дақиқ карданд, ки раҳбари собиқи толибон Мулло Умар ду сол пеш дар Карочии Покистон фавтидааст. Баъди ошкор шудани марги Мулло Умар миёни толибон ихтилоф сар зад. Қисме аз фармондеҳон раҳбарии Мулло Мансурро эътироф накарданд.

Бино бар иттилои мақомоти Афғонистон, Мулло Мансур дар мулоқоте дар шаҳри Кветаи Покистон, ки эҳтимол меравад шӯрои раҳбарикунандаи толибон он ҷо қарор дорад, ширкат мекард. Тавре сухангӯи муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон хабар медиҳад, Мулло Мансур бо Мулло Абдулло Сардорӣ – яке аз фармондеҳони Толибон хархаша кардааст.

XS
SM
MD
LG