Ссылки доступа

Боздошти шаш узви як гурӯҳи ҷиноии қирғиз дар Дубай


Шаш қирғизистонӣ дар Иморати Муттаҳидаи Араб (ИМА) ҳангоми фирор аз кишвар баъд аз ғорати мусаллаҳона боздошт шудаанд.

Пулис мегӯяд, боздоштшудагон рӯзи 13 декабр як саррофиро ғорат кардаанд. Онҳо вориди нуқтаи табодули арз шуда бо таҳдиди корбурди гази ашковар 190 ҳазор долларо бурдаанд.

Таҳқиқи ин ҳодисаро додситонии Дубай анҷом медиҳад ва ин ниҳод эҳтимоли даст доштани боздоштшудагонро ба ҷиноятҳои дигар низ месанҷад.

Дар Дубай намояндагони гурӯҳҳои ҷиноии Қирғизистон зиёданд. Барои намуна, аз чеҳраҳои саршиноси олами ҷиноии қирғиз Качи Колбаев ва Алмамбет Анапияев ном мебаранд, ки дар Дубай зиндагӣ мекарданд.

Иттилое вуҷуд дорад, ки пулиси маҳаллӣ ин ду нафарро боздошт карда буд, аммо ҳеч вақт ба ҷониби Қирғизистон иттилоеро дар ин бора нафиристод, мегӯяд раҳбари бахши мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД Қирғизистон Мирлан Каниметов.

Миёни Қирғизистон ва Дубай созишномаитабодули иттилоъ дар бораи ҷинояткорон ва истирдоди онҳо имзо нашудааст.

XS
SM
MD
LG