Ссылки доступа

Димишқ гуфт, омодаи гуфтушунид бо мухолифон аст


Сурия гуфт, омодааст дар музокироти сулҳ бо намояндагони мухолифин, ки интизор меравад охири моҳи январ дар Женеве таҳти сарпарастии СММ баргузор шавад, ширкат варзад.

Зимни сафари худ ба Пекин вазири корҳои хориҷии Сурия Валид ал-Муаллим изҳори умедворӣ кард, ки гуфтугӯҳо ба ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ дар кишвар мусоидат хоҳанд кард. Вазир афзуд, кишвараш дахолати хориҷиро ба ин раванд қабул надорад. Ҳар гоҳ, ки мухолифон рӯйхати ширкаткунандагони худро пешниҳод кунанд, аъзои ҳайати ҳукуматӣ тасдиқ хоҳад шуд, гуфт ал-Муаллим.

18 декабр Шӯрои Амнияти СММ қатъномаи пуштибонӣ аз тарҳи байналхалқии ҳалли зина ба зинаи буҳрони сиёсии Сурияро якдилона пазируфт. Ин тарҳ аз ҷонибҳои даргир оташбасро талаб мекунад ва ташкили ҳукумати навро бо иштироки мухолифин дар назар дорад.

Тибқи иттилои СММ, давоми 4 соли ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия бештар аз 250 ҳазор нафар кушта ва бештар аз 3 миллион инсон гуреза шудаанд.

XS
SM
MD
LG