Ба иттилои ин манбаъ, ду боздоштшуда шаҳрвандони Қирғизистон ва дуи дигар шаҳрвандони Ӯзбекистонанд.
Пулис мегӯяд, эҳтимол дорад ин нафарон мехостанд, дар шаҳр амали террористӣ анҷом диҳанд. Зеро аз боздоштшудагон аслиҳа ва тир мусодира шудааст.
Хабар дода шудааст, ки онҳо дар яке аз манзилҳои бинои баландошёна мезистаанд. Ду нафари онҳо дар кӯча ва дуи дигар дар манзил боздошт шудаанд. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.