Ссылки доступа

Киев алайҳи Маскав ба додгоҳи байналмилалӣ шикоят мебарад


Украина ба додгоҳи байналмилалии СММ алайҳи Русия шикоят мебарад.

Ин кишвар Русияро дар поймол кардани конвенсияи байналмилалии ҳимоят аз терроризм айбдор мекунад. Дар ин бора вазири адлияи Украина Павел Петренко хабар додааст.

Ба гуфтаи вазир, Украина ҳамаи далелҳоро дар даст дорад. Бо хатм шудани музокироти қаблӣ бо ҷониби Русия, Киев ният дорад ҳуҷҷатҳоро ба додгоҳ фиристад.

Тобистони соли гузашта сарвазири Украина Арсений Ятсенюк ба вазири адлия дастур дод, ки бо ҷалби беҳтарин ҳуқуқшиносон шумори зиёди шикоят алайҳи Маскавро ҷамъоварӣ кунад. Киев Маскавро дар ғасби Қрим ва инчунин доман задани ҷанг дар Донбасс, аз ҷумла пуштибонии низомӣ аз ҷумҳуриҳои худхондаи Донетску Луганск айбдор мекунад. Русия борҳо далели пуштибонии низомӣ аз ҷудоихоҳонро рад карда, ҳамчунин қонунӣ будани интихоботи Қримро эътироф менамояд.

Пештар Киев алайҳи Русия ба додгоҳи ҳуқуқи инсони Аврупо чанд шикоят бурд. Ин шикоятҳо марбут ба ҳодисаҳои Қрим ва шарқи Украина аз оғози марти соли 2014, поймолшавии ҳуқуқи роҳбари мардумии қриму тотор Мустафо Ҷемилиев ва ҳамчунин ҳукми додгоҳи Русия дар мавриди филмсози украинӣ Олег Сентсов буданд.

XS
SM
MD
LG