Ссылки доступа

Рекорди таърихии Қирғизистон дар рейтинги ФИФА


Дар баҳогузории моҳи декабри ФИФА Тими мунтахаби футболи Қирғизистон як зина боло рафта, акнун мақоми 107-ро соҳиб аст.

Дар ин бора дар сомонаи расмии ФИФА хабар дода шудааст.

Дар баҳогузории моҳҳои июл, август, сентябр ва октябр Қирғизистон мутаносибан ҷойҳои 155, 156, 146 ва 124-ро соҳиб буд. Дар рейтинги моҳи ноябр Қирғизистон ба комёбии таърихӣ ноил шуд, ба мақоми 108 расид.

Ин беҳтарин нишондоди Тими миллии Қирғизистон дар тамоми тӯли мавҷудияташ дар рейтинги ФИФА аст. То ин замон беҳтарин нишондоди тим моҳи августи 2006 буд, ки он замон ба мақоми 119 расида буд. Ба панҷгонаи рейтинги ФИФА Белгия, Аргентина, Испаниё, Олмон ва Чили шомил ҳастанд.

Миёни кишварҳои ИДМ нишондоди беҳтаринро Русия – мақоми 24, Украина-29 – соҳиб ҳастанд. Ҳамин тавр, Белорус дар мақоми 68, Ӯзбекистон (73), Эстониё (90), Латвия (102), Озарбойҷон (116), Туркманистон (119), Гурҷистон (120), Арманистон (121), Литва (127), Қазоқистон (132), Тоҷикистон (148) ва Молдова (154) ҷойгир ҳастанд.

XS
SM
MD
LG