Ссылки доступа

Эрон аз Арабистони Саудӣ ба СММ шикоят мебарад


Эрон мехоҳад ба Шӯрои Амнияти СММ аз амали тирборон шудани бинои сафоратхонааш дар Яман аз сӯйи ҳавопаймоҳои Арабистони Саудӣ шикоят барад.

Муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусайн Амир Абдулоҳиён гуфт, ҳангоми бомбаборон шудани муассисаҳо дар пойтахти Яман, шаҳри Сано яке аз мушакҳо дар ҳудуди сафорати Эрон таркида ва як посбон шадидан захмӣ шудааст.

Эътилофи кишварҳои арабӣ ба раҳбарии Арабистони Саудӣ ба мавзеъҳои шӯришиёни хусӣ дар Яман амалиёти ҳавоӣ анҷом медиҳад.

Ахиран Арабистони Саудӣ ва шариконаш бо шумули Баҳрайн, Қувайт, Судон ва Сомалӣ робитаҳои дипломатӣ бо Эронро ба нишони эътироз аз ҳамлаҳо ба намояндагиҳои дипломатии Арабистони Саудӣ дар Эрон қатъ карданд. Ҷомеаи шиамазҳаби Эрон ба нишони эътироз аз қатли таблиғгари шиамазҳаб Нимр ан-Нимр дар Арабистони Саудӣ даст ба тазоҳурот заданд. Ин таблиғгари арабӣ якҷо бо 46 нафари дигар дар терроризм айбдор шуда буд.

Дар ҳамин ҳол Арабистони Саудӣ гоҳ-гоҳе мегӯяд, ки бо Эрон намехоҳад биҷангад. Дар мусоҳиба бо маҷаллаи бритониёии Economist вазири мудофиа, шоҳзода Муҳаммад бин Салмон гуфт, ки ин қазия метавонад оғози як фоҷиаи бузург шавад, вале ҳеҷ солимақле наметавонад ба ин роҳ равад.

XS
SM
MD
LG