Ссылки доступа

Димишқ кӯмакҳои башардӯстонро ба деҳаҳои муҳосирашуда иҷоза дод


Ба иттилои СММ, ҳукумати Сурия барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба се деҳаи дар муҳосира қарордошта иҷоза дод.

Дар баёнияи ин созмон гуфта шудааст, ки дар рӯзҳои наздик кумак расонида мешавад.

Дар ин баёния гуфта шудааст, ки "тибқи иттилои манбаҳои мӯътамад" мардум дар яке аз деҳаҳои Мадая дар марз бо Лубнон, ки аз сӯйи гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" ва нерӯҳои давлатӣ муҳосира шудаанд, "аз гуруснагӣ мефавтанд".

Ду деҳаи дигар - нуқтаҳои аҳолинишини шиатаборони Фуа ва Кфария дар вилояти Идлиб дар муҳосираи шӯришиён қарор доранд. Дар маҳаллаҳои душворгузари Сурия қариб 4,5 миллион нафар, аз ҷумла дар дар минтақаҳои муҳосирашуда 400 ҳазор нафар, зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG