Ссылки доступа

Дар Қирғизистон мехоҳанд барои навиштани нархҳо бо арзи хориҷӣ ҷарима кунанд


Ҳукумати Қирғизистон мехоҳад ширкатҳои миёнарав, мошинфурӯшӣ, ҳавоӣ ва ширкатҳои дигарро вазифадор кунад, ки нархномаҳои худ ва хариду фурӯшро танҳо бо пули миллӣ - сом роҳандозӣ кунанд.

Дар ин бора ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ манбаҳои худӣ дар ҳукумати кишвар хабар доданд.

Тибқи иттилои ин манбаъҳо, барои нишон додани нархҳо ва арзишҳо бо арзи хориҷӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷарима пешбинӣ шудааст.

Гуфта шуд, ки ин ҳуҷҷат ҳоло дар марҳилаи ҳамоҳангсозӣ қарор дорад ва ҳанӯз маълум нест, ки ин қарор кай қабул мешавад.

Тибқи иттилои аввалия, ин мамнӯият ба ҳама шакли соҳибкорӣ дахл дошта, тамоми муомилоти миёни мардумро фаро мегирад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки хариду фурӯш ва арзёбии арзиши манзил, мошинҳо ва билети ҳавопаймо дар Қирғизистон бо арзи хориҷӣ сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG