Ссылки доступа

Дар Қазоқистон 10 шаҳрванди Ӯзбекистон заҳролуд шуд


Даҳ шаҳрванди Ӯзбекистон аз гази ангишт дар деҳаи Турари вилояти Алмато заҳролуд шуд.

Тавре расонаҳои Қазоқистон бо такя ба вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар хабар медиҳанд, панҷ нафари заҳролудшудагон фавтитаанд, ки ду нафари онҳо ноболиғ будаанд. Боқимондаҳо дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Хабар дода мешавад, ки ин ҳодиса 2 январ рух додааст.

Ин шаҳрвандон чи гуна заҳролуд шудаанд, ҳанӯз дақиқ нест.

XS
SM
MD
LG