Пештар хабар дода шуда буд, ки сохтмон ба ихтиёри Севастопол дода мешавад ва баъди ба итмом расидани сохтмон он ҷо истироҳатгоҳ таъсис дода мешавад.
Оҷонсӣ бо такя ба расонаҳои Украина, менависад, ки соли 2007 сохтори наздик ба фарзанди калонии президенти собиқ Александр Янукович истироҳатгоҳи “Мис Айя” замини марбут ба онро, ки 3,5 гектарро ташкил медиҳад, бо қимати 1 миллиону 200 ҳазор доллар харидорӣ кард. Дар ҳоли ҳозир сохтмони қароргоҳи президент дар ҳудуди истироҳатгоҳ қатъ шудааст.