Ссылки доступа

Бритониёиҳо ба раъйпурсии идомаи аъзогии ИА омода мешаванд


Сарвазири Бритониё Дэвид Кэмерон дар мусоҳибаи Би-Би-Сӣ гуфт, ки берун шудан аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо “барои Бритониё иқдоми хубе” нахоҳад буд.

Сарвазири ин кишвар гуфт, умедвор аст, дар саммити навбатии Иттиҳоди Аврупо, ки моҳи феврал баргузор хоҳад шуд, созишномаи ислоҳоти Иттиҳод ба имзо мерасад.

Баргузории раъйпурсии умумихалқӣ барои боқӣ мондани Бритониё дар ҳайати Иттиҳоди Аврупо то охири соли 2017 дар назар дошта шудааст. Аммо, ба гуфтаи Кэмерон, агар созишномаи ислоҳоти Иттифоқи Аврупо дар моҳи феврал ба имзо расад, мумкин аст, ки раъйпурсии Бритониё то охири ҳамин сол баргузор шавад.

Дар барномаи телевизионӣ сарвазири Бритониё гуфт, агар талоши ҳукумат барои ноил шудан ба ислоҳот бенатиҷа анҷомад ва аксарияти мардум хориҷ шудан аз Иттиҳодро ҷонибдорӣ кунанд, дар ин сурат вай аз мақомаш истеъфо нахоҳад дод.

Пешниҳоди сарвазири Бритониё барои ислоҳоти Иттиҳоди Аврупо ба мудирияти иқтисодӣ, тартиботи рақобат, таъмини соҳибихтиёрии давлатҳо ва мушкилоти муҳоҷират рабт дорад.

Кэмерон ба вижа тақозо дорад, ки евро пули воҳиди Иттиҳоди Аврупо набошад, то ин ки манфиатҳои иқтисодии кишварҳое, ки шомили Иттиҳод нестанд, поймол нашавад. Сарвазири Бритониё даъват кард, ки “танзими аз ҳад зиёди” иқтисодиёт коҳиш дода шавад ва густариши бозори ягона маҳдуд гардад.

XS
SM
MD
LG