Ссылки доступа

Дар Русия имсол партоби 16 мушаки болдорро ба нақша гирифтанд


Нерӯҳои мушакии ҳавоӣ (НМҲ) дар соли 2016 баргузории беш аз 100 тамрин ва 16 партоби озмоишии мушакҳои байниқораии болдорро ба нақша гирифтааст, хабар дод вазорати мудофиаи Русия.

Ба иттилои ин ниҳод, ҳадафи партобҳо омӯзиши фанновариҳои нав ва "назорати омодабошии фаннии маҷмааҳои мушакӣ" мебошад. 16 партоби мушакҳои байниқораӣ дар як сол барои НМҲ Русия миқдори бесобиқаи озмоишҳо аст. Ин дар ҳолест, ки дар панҷ соли ахир Русия ягон бор нақшаҳои расман эълоншудаи партобҳои мушакҳоро иҷро накардааст.

Дар соли 2015 аз 14 партоби ба нақша гирифташуда, танҳо 8 партоб сурат гирифт ва соле пеш НМҲ партоби озмоишии танҳо10 мушаки аз 16 партоби эълоншударо анҷом дод.

Вазорати мудофиа ҳамчунин аз нақшаи афзоиши миқдори маҷмааҳои мушакиву дифоии С-400 "Триумф" дар сохтори нерӯҳои мушакиву ҳавоӣ хабар дод. Ба ин тартиб, тибқи баёнияҳои расмии ин ниҳод, то охири соли 2016 дар Русия 8 маҷмаии С-400 ба навбатдории низомӣ гузошта мешавад. Панҷ адад аз ин маҷмааҳо дар вилояти Москва ҷобаҷо мегардад.

XS
SM
MD
LG