Ссылки доступа

Мулло ва никоҳ дар Қирғизистон


Дар Қирғизистон лоиҳаи қонуне омода мешавад, ки муллоҳоро барои бе ақди никоҳи расмӣ хондани хутбаи никоҳ, ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашид.

Ду вакили парлумони Қирғизистон лоиҳаи қонунеро ба муҳокима бароварданд, ки муллоҳоро ба риояи меъёрҳои қонун ба ҳангоми хондани хутбаи ақди никоҳ вазифадор мекунад. Никоҳи ноболиғон - мавзуи доғи Осиёи Марказӣ аст. Қонунгузорӣ талаб мекунад, ки барои бастани ақди никоҳ бояд ба синни мушаххасе расид ва дар идораи ақди никоҳи давлатӣ сабти ном шуд.

Аммо бисёре аз никоҳҳо, ба вижа дар минтақаҳо, мисли пешин тибқи хоҳиши волидайн баста мешаванд ва хутбаи никоҳро муллои маҳалла мехонад. Тибқи қоида, чунин никоҳҳо дар ҳич ниҳоде сабти номи намешаванд. Тибқи лоиҳаи қонун, ҳамаи домоду арӯсон, ки мехоҳанд никоҳ кунанд, бояд қабл аз ҳама дар идораҳои расмии давлатӣ ақди никоҳи худро ба қайд гиранд.

Муллоҳое, ки бидуни ақди никоҳи расмӣ хутбаи никоҳ мехонанд, пешниҳод шудааст, ки аз 3 то 5 сол аз озодӣ маҳрум шаванд.

XS
SM
MD
LG