Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон аз муносибати кишварҳои дигар нигаронанд


Раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназаров гуфт, Эрон бо даъват кардани раиси ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ба конфронси Теҳрон, нисбати Душанбе беэҳтиромӣ зоҳир кардааст.

"Ҳар касе ки бо Тоҷикистон муносибати хасмона дорад, пушаймон хоҳад шуд", - таҳдид кард Холиқназаров зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе. Ба гуфтаи вай, беэҳтиромие, ки чанде қабл Эрон нисбати Тоҷикистон зоҳир кард, метавонад ба муносиботи ду кишвар таъсири манфӣ расонад.

Эрон се мансабдори расмии Тоҷикистон ва раиси ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро ба конфронси Ваҳдати исломӣ, ки рӯзҳои 27-29 декабри соли 2015 дар Теҳрон баргузор шуд, даъват карда буд.

"Ҷониби Эрон мегӯяд, Кабирӣ дар конфронс ба ҳайси меҳмон даъват шуда буд. Ин муносибати душманона аст ва нисбат ба Тоҷикистон беэҳтиромист, ки метавонад ба муносиботи мо таъсири манфӣ расонад", - гуфт раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ.

XS
SM
MD
LG