Ссылки доступа

Русияро дар бомбаборони мактаб дар Сурия муттаҳам мекунанд


Дар Сурия 12 тифл зимни бомбарони мактаб дар шаҳри Айн-Ҷара, ки дар 15 километрии Ҳалаб ҷойгир аст, кушта шуд.

Дар ин бора бо такя ба Маркази назорати иҷрои ҳуқуқи инсони Сурия оҷонсии Reuters хабар медиҳад. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, Русия дар ин бомбаборон даст дорад.

Ситоди марказии Русия хабар дод, ки давоми 11 рӯзи соли 2016 бомбаандозҳои Русия дар Сурия, аз он ҷумла дар вилояти Ҳалаб ба бештар аз ҳазор иншоот зарба задаанд. Раёсати фаврии ситоди марказӣ мегӯяд, зарбаҳои ҳавоӣ танҳо ба ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” расонида шудааст ва террористон “ҳам ҷисман ва ҳам аз ҷиҳати техникӣ талафоти бузург медиҳанд”.

Дар моҳи декабр созмони байналхалқии Amnesty International маълумотеро оммавӣ кард, ки тибқи он, танҳо дар тирамоҳи соли 2015 дар пайи зарбаҳои ҳавоии Русия дар Сурия дасти кам 200 шаҳрванди ғайринизомӣ кушта шудааст. Ба ҷуз ин, манзилҳои сокинон, масҷидҳо, бозорҳо ва беморхонаҳо тахриб шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон гуфтанд, ин зарбаҳо поймолсозии ҳуқуқи башардӯстона мебошад. Бо чунин иттиҳом алайҳи Русия созмони Human Rights Watch изҳори назар кард.

Вазорати мудофиаи Русия иттилои ҳомиёни ҳуқуқро “дуруғин” меномад.

XS
SM
MD
LG