Ссылки доступа

Дар Қазоқистон хадамоти ҳавосанҷии ҳарбӣ таъсис шуд


Вазорати мудофиаи Қазоқистон дар бораи таъсиси хадамоти обу ҳавосанҷӣ хабар дод, ки ҳадафаш пешниҳоди маълумот дар бораи обу ҳаво ба нерӯҳои мусаллаҳи кишвар аст.

Вазорати дифои он кишвар мегӯяд, таъсиси ин хадамот барои истифодаи муассири силоҳ ва техникаи ҳарбӣ аҳамият дорад.

Ин хадамот ҳамчун дар пешниҳод таҳлил ва ироаи маълумот, иштирок дар таҳқиқотҳои фоҷиаҳои авиатсионӣ, ҳодисаҳо ва бехатараи нерӯҳои баҳрӣ ва нерӯҳои хушкигард масъул аст.

XS
SM
MD
LG