Ссылки доступа

Қурби рубл ва танга пойин меравад


Қурби миёнаи доллари ИМА дар Биржаи сармояи Қазоқистон рӯзи душанбе ба 357,66 танга баробар шуд, ки барои танга чунин пастшавӣ бесобиқа аст.

Қурби рубли русӣ рӯзи душанбе дар оғози кори Биржаи Москва пастравиро идома дод. Арзиши доллар аз 76 рубл бештар шуда, қурби евро ба 84 рубл наздик гардид. Аз моҳи декабри соли 2014 ин ду арз ба баландтарин нуқтаи қиммати худ расиданд.

Пойинравии қурби танга ва рубл дар пасманзари пастравии давомдори арзиши нафт ва уфти нав дар бозорҳои Чин сурат гирифт. Арзиши нархи нафти навъи Brent рӯзи душанбе дубора аз 33 доллар барои як бушка нафт пойин рафт.

Дар ҳафтаи гузашта арзиши нафт 10 дарсад пойин рафта, дар 12 соли ахир ба пойинтарин арзиши худ расид. Дар бозорҳои ҷаҳонии саҳмияҳо раванди номатлуб боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG