Ссылки доступа

Сарнавишти шабакаҳои телевизионии Русияро мардуми қирғиз ҳал мекунад


Зимни баррасии масъалаи додани мақоми махсус ба шабакаҳои телевизионии русӣ ба монанди “Шабакаи аввал. Шабакаи ҷаҳонӣ” ва ШРТР (РТР) дар Қирғизистон назари ҷомеа ба инобат гирифта мешавад.

Дар ин бора ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ раҳбари бахши таъмини иттилоотии дастгоҳи ҳукумат Назира Аҳмадова хабар дод.

Вай тасдиқ кард, ки тарҳи қарор “Дар бораи тасвиби қарордоди ҳамкорӣ дар заминаи расонаҳо миёни ҳукумати Қирғизистон ва Русия” аз баррасии ҷомеа бозхонда шуд, аммо зимни баррасии ин ҳуҷҷат назари мардум ба инобат гирифта мешавад.

“Ин қарордоди дуҷониба аст ва ба ин сабаб зарурати баррасии ин ҳуҷҷат аз сӯйи ҷомеа вуҷуд надорад. Ҳукумат тарҳи ин қарордодро баррасӣ мекунад ва сипас тасмим мегирад, ки онро тасдиқ кунад ё на. Тарҳи ин қарордодро ҷониби Русия таҳия кардааст ва ҷониби Қирғизистон то ҳол онро баррасӣ накардааст. Агар ҷомеаи Қирғизистон мухолифи ин қарордод бошад, ҳукумат назари мардумро зимни тасмимгирӣ ба инобат мегирад”, - гуфт Аҳмадова.

Тарҳи ин ҳуҷҷат 6 январи соли 2016 аз сӯйи Вазорати фарҳанг, иттилоъ ва сайёҳии Қирғизистон ба баррасии ҷомеа бароварда шуд. Сипас ҷомеаи Қирғизистон мухолифи ин қарордод шуд.

Дар сурати тасвиби тарҳи ин қарордод Қирғизистон ва Русия барои “Шабакаи аввал” ва ШРТР дар Қирғизистон дар чаҳорчӯби мақоми махсус шароити иловагӣ фароҳам мекунанд. Нисбати ин расонаҳо маҳдудиятҳои тибқи қонунҳои Қирғизистон пешбинишуда дар нисбати расонаҳои хориҷӣ ва ҳамчунин маҳдудиятҳо дар истифодаи забони русӣ ва манбаҳои русӣ истифода намешаванд.

XS
SM
MD
LG