Ссылки доступа

Барак Обама дар бораи вазъи кишвар гузориш медиҳад


Президенти ИМА Барак Обама имрӯз дар ҷаласаи муштараки конгресс дар бораи вазъи кишвар гузориш медиҳад.

Ба иттилои Кохи Сафед, суханронии имрӯзаи президент мисли солҳои пештара нахоҳад буд. Ба ҷои муаррифии пешниҳодҳо, ки иҷрои онро раёсати ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ ба нақша гирифтааст, Обама суханронии худро ба чолишҳои дарозмуддате хоҳад бахшид, ки дар пешорӯи Иёлоти Муттаҳида истодаанд. Интизор меравад ҷангҳо дар Ховари Миёна, мубориза бо терроризм ва мушкили муҳоҷирон аз Ховари Миёна мавзӯи меҳварии ин гузориш бошад.

Таваҷҷӯҳи махсус дар суханронии Обама дар пасманзари амали террористии ахир дар Сан-Бернардино ба мушкили назорат ба фурӯши аслиҳа равона мешавад. Ҳамчунин президент ба сарнавишти панҷ миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ аз Амрикои Лотинӣ, ки раиси ҷумҳур мехоҳад онҳоро аз ихроҷ наҷот диҳад, таваҷҷӯҳ хоҳад кард. Сухан дар бораи волидайни кӯдакони хурдсоле меравад, ки шаҳрвандони ИМА мебошанд ва ё дар овони наврасӣ ба ИМА омадаанд. Аммо то ҳол додгоҳҳо аз ин иқдоми раиси ҷумҳур пешгирӣ мекунанд.

Дар пайёми видеоии қабл аз суханронии худ президент Обама гуфт, ки аз замони ба сари қудрат расидан дар ҳафт соли пеш дар шароити бӯҳрони амиқи молияву иқтисодӣ вай ҳеҷ гоҳ дар мавриди дурнамо дар соли оянда мисли ҳоло чунин хушбин набудааст.

Коршиносони амрикоӣ ба ин назаранд, ки дар соли охирини раёсати ҷумҳурихоҳҳон дар ҳар ду маҷлиси конгресс эҳтимоли қабули пешниҳоди ҷолибтарини онҳо багумон мебошад.

XS
SM
MD
LG