Ссылки доступа

Дар Қирғизистон қарзҳои ипотекӣ дода мешавад


Ширкати давлатии ипотекии Қирғизистон ба додани қарзҳои ипотекӣ барои кормандони буҷавӣ тибқи барномаи "Манзили дастрас 2015-2020" шуръ мекунад. Дар ин бора сарвазири Қирғизистон Темир Сариев хабар дод.

Сариев гуфт, ширкати ипотекӣ бо ҳадафи таъмини эҳтиёҷоти иҷтимоии ходимони давлатӣ, ки имкони харидан ва ё васеъ кардани манзили зисти худро надоранд, таъсис шудааст.

"Фарқияти аслии Ширкати давлатии ипотекӣ аз бонкҳои тиҷоратӣ дар он аст, ки қарзҳои ширкат барои харидани манзил бо асъори миллӣ, бо фоизҳои хеле кам ба муҳлати тӯлонӣ дода мешавад. Ин қарзҳо ба муҳлати то 15 сол бо 12-14 фоизи солона дастрас хоҳанд буд", - гуфт Сариев.

"Дар навбати аввал ин қарзҳоро кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф ва рушид иҷтимоӣ дарёфт хоҳанд кард. Баъдан барои дарёфти ипотека кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва дигар ходимони давлатӣ метавонанд ариза диҳанд. Давлат аз дигар сарчашмаҳо ин маблағҳоро бо доллари ИМА пайдо мекунад ва бо асъори миллӣ ба шаҳрвандон медиҳад", - афзуд Сариев.

XS
SM
MD
LG