Ссылки доступа

НАТО низоми зиддимушакиро ба хотири Русия маҳдуд намекунад


Шарикони НАТО бо дархости Русия барои маҳдудсозии низоми зиддимушакӣ ба хотири таҳдидҳо аз сӯйи Курияи Шимолӣ наметавонанд розӣ шаванд.

Дар ин бора муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар умури аслиҳаҳо Фрэнк Роуз хабар дод.

"Мо наметавонем бо маҳдудсозии низомҳои мудофиавии худ розӣ шавем, зеро бояд зарфияти ба таҳдидҳои афзоянда муқобила карданро дошта бошем", - гуфт Фрэнк Роуз ба хабарнигорон дар дафтари НАТО дар Брюссел.

Изҳороти Куриёи Шимолӣ дар бораи озмоиши бомбаи ҳидрогенӣ метавонад қадаме ба пеш дар тавонии ин кишвар барои ҳамла ба Ҷопон ва Иёлоти Муттаҳида бошад. Ин амр ба устувории Вашингтон барои тақвияти низоми мудофиавиро сахттар мекунад, ки Русия зидди ин кор мебошад.

"Куриёи Шимолӣ миқдори зиёди мушакҳои болдор дорад ва пайваста онҳоро озмоиш мекунад", - гуфт Роуз ва афзуд, ки Курияи Шимолӣ метавонад бо мушакҳои худ ба Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон ва ҳатто ба Иёлоти Муттаҳида таҳдид кунад. Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг ҳафтаи гузашта аз Куриёи Шимолӣ даъват кард, ки барномаҳои ҳастаӣ ва мушакии худро қатъ кунад.

“Русия соли гузашта таҳдид кард, ки агар Дания ба низоми зиддимушакии НАТО пайваст шавад, пас мушакҳои ҳастаии худро ба самти киштиҳои низомии ин кишвар равона месозад. Набудани маҳдудиятҳои қонунӣ дар меҳвари нигаронии Русия қарор дорад. Зеро агар мо низомҳои худро тақвият диҳем, нерӯҳои ҷавобии онҳо ба ҳеҷ баробар мешаванд", - гуфт Роуз.
Ин дар ҳолест, ки ИМА қисмати бузурги низоми зиддимушакии НАТО-ро фароҳам мекунад ва ин созмон дар соли 2012 барои густариши имкониятҳои худ дар Аврупо тавофуқ кард. Руминия розӣ шуд ҷузъҳои низоми зиддимушакиро дар қаламрави худ ҷобаҷо кунад ва дар Туркия аллакай назораткунандаи низоми зиддимушакӣ насб карда шуд. Иёлоти Муттаҳида дар моҳи сентябри соли гузашта ба Испания яке аз чаҳор киштии низомиеро фиристод, ки ҷузъе аз сарпаноҳи зиддимушакӣ мешаванд. Лаҳистон низ бояд аз соли 2018 ҷузъҳои низоми зиддимушакиро дар қаламрави кишвари худ ҷо диҳад ва сохтмони ин таъсисот дар соли ҷорӣ шурӯъ мешаванд.

XS
SM
MD
LG