Ссылки доступа

“Дархост”-и Маҷлис аз Назарбоев барои парокандашавии пеш аз муҳлат


Вакилони маҷлиси намояндагони Қазоқистон аз президент “хостанд”, ки пеш аз муҳлат парлумонро пароканда созад.

Вакилон имрӯз зимни муроҷиати худ аз Назарбоев хостанд, ки дар бораи интихоботи ғайринавбатӣ фармон содир намояд.

“Мо пешниҳод мекунем, ки ваколати намояндагони даъвати панҷум пеш аз муҳлат қатъ карда шавад ва интихоботи нави парлумонӣ эълон гардад”, - гуфтааст Владислав Косарев, яке аз вакилони парлумони Қазоқистон аз Ҳизби халқии коммунистии наздик ба ҳукумат.

Ин муроҷиат ба президент, тавре Косарев мегӯяд, аз сӯи се фраксияи ҳизбҳои сиёсӣ – “Нур Отан”, “Ак жол” ва Ҳизби халқии коммунистӣ таҳия шудааст. Косарев гуфтааст, вакилони кунунӣ “рисолати таърихии худро” бо қабули қонуни ислоҳот, ки президент ба парлумон пешниҳод кард, адо намуданд.

Интихоботи парлумонӣ дар Қазоқистон бори ахир моҳи январи соли 2012 баргузор шуда буд. Ба маҷлис се ҳизб – ҳизби президентии “Нур Отан”, ҳизби ҳукуматгарои “Ак жол” ва Ҳизби халқии коммунистӣ ворид шуд. Тибқи қонунгузории Қазоқистон, аз 107 вакили парлумон 98 намоянда аз ҳизбҳои сиёсӣ тариқи рӯйхати ҳизбӣ интихобот мешавад ва 9 вакили дигарро Анҷумани мардумии Қазоқистон барои 5 сол интихоб мекунад.

XS
SM
MD
LG