Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон никоҳи хешутаборӣ манъ шуд


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 13 январ тағйирот ба Кодекси оиларо пазируфт, ки тибқи он никоҳи байни хешу таборон манъ ва муоинаи ҳатмии тиббӣ пеш аз бастани акди никоҳ амалӣ мегардад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода, ки тарҳи қонунро дар парлумон муаррифӣ кард, гуфт, ин тағйирот аз моҳи июли соли ҷорӣ эътибор пайдо мекунад.

Тибқи иттилои вазир, аз 25 ҳазору 328 маъюби то 18-солаи Тоҷикистон 30-35% ба никоҳҳои хешу таборӣ рост меояд.

XS
SM
MD
LG