Ссылки доступа

Ҷаҳиши доллар дар Ӯзбекистон


Дар ҳафтаи аввали соли нав қурби доллар дар “бозори сиёҳ”-и Ӯзбекистон аз 5300 сӯм то ба 6100 сӯм барои 1 доллар боло рафт.

12 январ дар “бозори сиёҳ”-и Ӯзбекистон, ки қурби воқеии асъори хориҷиро муқаррар мекунад, арзиши 1 доллари ИМА аз марзи 6300 сӯм гузашт.

-Ҳоло бо арзиши 6100 сӯм мехарем ва бо арзиши 6200 сӯм мефурӯшем, - мегӯяд як сарроф аз бозори “Чорсӯ”-и шаҳри Тошканд.

Ба бовари таҳлилгарон, моҳи оянда дар “бозори сиёҳ” қурби доллар дар нисбати асъори миллии Ӯзбекистон боз ҳам боло хоҳад рафт.

Уфти қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ метавонад боиси беқурбшавии сӯми ӯзбекӣ гардад.

12 январ арзиши як бушка нафти навъи Brent бештар аз 2,5 дарсад пойин рафт. Дирӯз қимати 1 бушка нафти навъи Brent ҳамагӣ 32 доллар арзиш дошт. Дар натиҷа рубли русӣ низ беқурбтар шуд. Феълан дар Русия 1 доллари ИМА бештар аз 77 рубл арзиш дорад.

Дар солҳои охир маблағҳое, ки аз Русия муҳоҷирони ӯзбек мефиристанд ҳамчун омили асосии ҳифзи сӯми Ӯзбекистон аз шикасти комил арзёбӣ мешавад.

Бино бар иттилои расмӣ, дар соли 2014 муҳоҷирони ӯзбек танҳои аз Русия ҳадди ақал 2 миллиард доллари ИМА ба кишвар фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG