Ссылки доступа

Обама ва Путин тариқи телефон Украина ва Сурияро баррасӣ карданд


Президенти ИМА Барак Обама ва президенти Русия Владимир Путин буҳрони Украина ва Сурияро тариқи телефон баррасӣ карданд.

“Онҳо дар қисмати бештари суҳбаташон дар бораи иҷрои ҳатмии уҳдадориҳои русҳо, ки дар Минск бар уҳда гирифтан, гуфтугӯ карданд. Русҳо бояд бе таъхир пуштибонии ҷудоихоҳонро, ки Украинаро бесубот мегардонанд, қатъ кунанд”, - гуфт сухангӯи Кохи сафед Ҷоҳ Эрнест.

Президенти ИМА гуфтааст, буҳрони Украина бояд тариқи роҳҳои дипломатӣ бо риояи комили шартномаи Минск ҳал шавад. Обама афзудааст, қадами навбатӣ, ки барои ҳамаи ҷонибҳо аҳамият дорад, интихоботи маҳаллӣ дар Донбасс аст, ки бояд тибқи стандартҳои САҲА баргузор шавад.

Роҳбарони ду кишвар ҳамчунин амалишавии қатъномаи 2254-уми Шӯрои амнияти СММ дар мавриди Сурияро низ баррасӣ кардаанд.

Дар ҷараёни гуфтугӯи телефонӣ, робитаи дуҷонибаи ҳарбӣ барои маҳви терроризм дар Шарқи Наздик низ баррасӣ гардидааст. Роҳбарони ду кишвар ҳамчунин гуфтаанд, озмоиши бомбаи ҳидрогении Куриёи Шимолӣ набояд бе посух бимонад.

XS
SM
MD
LG