Ссылки доступа

Эрон маллоҳони боздоштшудаи амрикоиро раҳо кард


Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ маллоҳони ҳарбии амрикоиро, ки дирӯз дар Халиҷи Форс боздошт шуданд, раҳо кардааст.

“Баъди узрхоҳӣ кардан онҳо ба обҳои байналмилалии халиҷ раҳо шуданд”, - гуфтааст намояндаи Сипоҳи посдорон. Ин намоянда гуфт, маллоҳони амрикоӣ – нуҳ марду як зан - иқрор кардаанд, ки ғайриихтиёр вориди ҳудуди Эрон шудаанд.

Намояндагони мақомоти ИМА гуфтанд, маллоҳон ва ду киштии онҳо дар ҷазираи Форс рӯзи сешанбеи 12 январ баъди аз кор баромадани яке аз киштиҳо боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG