Ссылки доступа

Шаҳрвандони Ӯзбекистон дар таркиши Истамбул зарар надидаанд


Маркази матбуотии вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар дод, ки дар таркиши Истамбул шаҳрвандони ин кишвар зарар надидаанд.

“Ба иттилои сафорати Ӯзбекистон дар Туркия, дар миёни қурбониёни амали террористии 12 январи соли 2016 дар шаҳри Истамбул шаҳрвандони Ӯзбекистон нестанд”, - омадааст дар хабари ВКХ Ӯзбекистон, ки дар сомонаи ин ниҳод нашр шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 12 январ дар минтақаи таърихии Султон Аҳмад дар Истамбул таркише рух дод. Дастикам 10 нафар қурбонии ин таркиш шуда, 15 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Пештар хабар дода шуд, ки нӯҳ нафари кушташудагони таркиш дар Истамбул шаҳрвандони Олмон мебошанд.

Хабаргузории Anadolu менависад, ки дар робита ба ин ҳодиса Анқара ба садри аъзами Олмон Ангела Меркел изҳори тасаллият кард.

Раҳбари ҳукумати Туркия Аҳмад Довудоғлу гуфт худкуше, ки таркишро анҷом дод, узви гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” будааст. Тибқи иттилои аввалия, ин худкуш ахиран аз Сурия ба Туркия омадааст, аммо дар рӯйхати нафарони мавриди ҷустуҷӯ қарор надоштааст.

XS
SM
MD
LG