Ссылки доступа

Дар Қирғизистон пойинравии нархи сӯзишворӣ идома дорад


Сар аз 14 январи соли 2016 дар Қирғизистон 2 сом арзон шуд. Дар ин бора Иттифоқи тиҷорони нафт хабар додааст.

Тибқи иттилои ин созмон, дар шимоли кишвар арзиши як литр сӯзишвории навъи АИ-95 - 1 сом, АИ-80 – 0,5 сом, АИ-92 – 2 сом пойин рафтааст. Дар ҷануби ин кишвар, арзиши бензин 1 сом ва арзиши сӯзишвории дизелӣ 2 сом коҳиш ёфтааст.

Гуфта мешавад, пойинравии арзиши сӯзишворӣ дар Қирғизистон мавсимӣ аст.

Ин панҷумин мавриди коҳиши нафт дар чанд моҳи охир дар Қирғизистон аст.

XS
SM
MD
LG