Ссылки доступа

Гуруҳи “ДИ” масъулияти ҳамлаҳои Ҷакартаро ба уҳда гирифт


Гуруҳи тундгарони “Давлати исломӣ” масъулияти ин ҳамлаҳоро бар уҳда гирифтааст.

Дар ин бораи дар изҳороти расмии “ДИ”, ки дар интернет паҳн шуд зикр ёфтааст. Тундгароён мегӯянд, 15 “хориҷии салибӣ”-ро куштаанд, то исбот кунанд, ки амнияти ҳич шаҳрванди кишварҳои ғарбӣ дар кишварҳои мусалмонӣ таъмин нест.

Дар бораи омори кушташудагони таркишҳои Ҷакарта маълумоти зидду нақиз мерасад. Бархе аз сарчашмаҳо теъдоди кушташудаҳоро 2 ва бархе манбаъҳо то 6 нафар ном мебаранд. Шумори маҷруҳон бошад, ба 19 нафар мерасад. Миёни маҷруҳон як шаҳрванди Нидерланд низ ҳаст.

Рӯзи панҷшанбе дар Ҷакарта чанд ҳамла сурат гирифт, ки дар натиҷа афроди осоишта кушта шуд.

Дар натиҷаи ҳамлаи ҷавобии пулис ҳамаи 5 ҳамлагар кушта шуд.

XS
SM
MD
LG