Ссылки доступа

“Осиёи Марказӣ” – барномаи нави телевизионӣ аз «The Current Time»


Барномаи ҳамарӯзаи нимсоатии “Осиёи марказӣ” дар чаҳорчӯби тарҳи телевизионии «The Current Time» - «Настояшее время» пахш мешавад.

“Осиёи Марказӣ” – ин барномаи ҷолиб бо робитаи тарафайн ба гунаи “инфотаймент” аст, ки дар он хабарнигории классикии телевизионӣ бо нишонаҳои барномаҳои тафреҳиву омӯзишӣ ва фанновариҳои “расонаҳои нав” ба ҳам омезиш ёфтаанд, мегӯяд раҳбари ин тарҳ Кенан Алиев.

Ҳодисаҳои муҳимтарин сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳодисаҳои муҳимтарини ҷаҳонӣ ва таъсири онҳо ба минтақа аз мавзӯъҳои асосии “Осиёи Марказӣ” хоҳанд буд. Ба илм, маориф, санъат, таърих ва варзиши кишварҳои минтақа дар ин тарҳ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Ин барномаро шабакаи хабарнигорон ва таҳиякунандаҳо дар пойтахти кишварҳои Осиёи Марказӣ, Москва, Брюссел, Лондон, Вашингтон, Ню-Йорк ва Пекин, дафтари муштарак дар Прага, ки дар он ҷо муҳаррирон, таҳиякунандаҳо, коргардонҳо, дизайнерҳои телевизионӣ, хабарнигорон ва мутахассисони арсаи рақамӣ гирдиҳам омадаанд, омода мекунанд. Муҷрии барнома барандаи саршиноси телевизионӣ дар Осиёи Марказӣ Динара Егеубаева (Аргин) мебошад.

То ҳоло чанд шабакаи маъруфи телевизионии Осиёи Марказӣ шарики “Настояшее время” барои бозпахши барномаҳо шудаанд.

XS
SM
MD
LG