Ссылки доступа

Тоҷикон Русияро тарк мекунанд?


Тибқи иттилои Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия бештар аз ҳама ин кишварро шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тарк мекунанд.

Ба иттилои ХФМ Русия, теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар моҳи декабр 3,8% коҳиш ёфта, ба 862 ҳазору 321 нафар расидааст.

Теъдоди шаҳрвандони Ӯзбекистон бештар коҳиш ёфта, дар як моҳ 4,1% камтар шудааст. Феълан дар қаламрави Русия беш аз 1 миллиону 800 ҳазор шаҳрванди ин кишвар қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол теъдоди шаҳрвандони Қирғизистон дар қаламрави Русия дар як моҳи гузашта 2% бештар шудааст. Феълан теъдоди онҳо ба 553 ҳазору 910 нафар расидааст.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2015 шаҳрвандон аз кишварҳои равобиташон бидуни виза бо Русия метавонанд дар ин кишвар бо дарёфти муҷаввиз кор кунанд.

Идораи федералии муҳоҷирати Русия ва Хазинадории федералӣ низоми механикии шиносоии пардохти арзиши муҷаввиз барои фаъолияти меҳнатиро таҳия ва роҳандозӣ кардаанд. Иттилоъ дар бораи пардохти арзиши муҷаввиз ҳамарӯза тоза карда мешавад ва ба ин тартиб пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакии пардохти қиммати муҷҷавизро беҳуда месозад. Агар иттилоъ дар бораи пардохт саривақт ба ИФМ ворид нашавад, шаҳрванди хориҷиро метавонанд ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда, муҷҷавизири ӯро бекор ва вурудаш ба қаламрави Федератсияи Русияро манъ кунанд.

XS
SM
MD
LG