Ссылки доступа

Боздошти мансабдори қирғиз ҳангоми додани пора


Сардори бахши ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон дар вилояти Иссиқ-кӯл ҳангоми додани пора боздошт шуд. Дар ин бора мақомоти қудратӣ ба расонаҳо хабар додаанд.

Ин мансабдори қирғиз барои рӯпӯш кардани норасоии 9 миллиону 581 ҳазор сом дар идораи зери роҳбариаш ба корманди Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон дар ҳаҷми 40 ҳазор сом пора пешниҳод кардааст. "15 январ ҳангоми додани пора ин мансабдор боздошт шуд", - хабар медиҳанд мақомоти қудратии Қирғизистон.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуд, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG