Ссылки доступа

Наворбардорӣ дар ҳавопаймоҳои Ӯзбекистон манъ шуд


Мусофирони Ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон («Узбекистонхавойуллари») ҳақ надоранд, ки дар дохили ҳавопаймо акс ё навори видеоӣ бигиранд.

Дар ин бора фармони сардори Назорати давлатии амнияти парвозҳо Толиб Улжаев содир шудааст.

Хабар дода мешавад, ки ин фармон ҳамчунин мусофиронро аз истифодаи дастгоҳи электронӣ ва мобилӣ манъ мекунад.

Қаблан танҳо истифодаи дастгоҳҳои электронӣ ва алоқаи мобилӣ ҳангоми нишасту бархости ҳавопаймо манъ буд. Акнун аксбардорӣ ва наворгирӣ ҳам манъ шуд.

XS
SM
MD
LG